ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ НОҲИЯИ ШУҒНОН ДАР ШАШМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2026.

Санаи 9 июли соли 2026 дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар шашмоҳаи аввали соли 2026 баргузор гардид.

Дар ҷаласа муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҳамзамон, дар кори ҷаласа ба намояндагӣ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини раиси вилоят муҳтарам Афзалшо Муслима Аскаршо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пас аз тасдиқи регламенти кори ҷаласа, аз рӯи масъалаи рӯзнома оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 муовини якуми раиси ноҳияи Шуғнон Шохуррамзода Руслан бо маърӯзаи муфассал баромад намуда, оид ба нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ, иҷрои буҷет, рушди соҳибкорӣ, вазъи соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар самтҳои муҳими хоҷагии халқ ҳисобот пешниҳод намуд.

Сипас роҳбарони сохторҳои молия, андоз, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, инчунин дигар масъулини соҳавӣ вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти худ дар шаш моҳи соли равон баромад намуда, дар баробари дастовардҳо камбудиҳои ҷойдоштаро таҳлил карда, барои бартараф намудани онҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.

Дар ҷараёни ҷаласа аз фаъолияти раисони ҷамоатҳои деҳот ва роҳбарони як қатор сохторҳои дахлдор пурсиш ба амал оварда шуда, вобаста ба масъалаҳои ҳалталаб ба онҳо дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд. Таъкид гардид, ки барои ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам беҳтар масъулин бояд фаъолияти худро тақвият бахшида, баҳри иҷрои босифат ва саривақтии нақшаҳои пешбинишуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар идома муовини раиси ВМКБ муҳтарам Афзалшо Муслима Аскаршо суханронӣ намуда, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнонро мавриди таҳлил қарор дода, барои боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда, рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармоя, вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил зимни ҷамъбасти ҷаласа иброз намуданд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва нақшаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар менамояд.

Таъкид карда шуд, ки дар давраи минбаъда ба масъалаҳои амалисозии Барномаи саноатикунонии босуръати мамлакат, рушди истеҳсолот, зиёд намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, омодагии ҳамаҷониба ба давраи зимистонгузаронӣ, сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ ва коргоҳҳои хурди саноатӣ, таъмини иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ, инчунин корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дар шашмоҳаи аввали соли 2026 қарори дахлдор қабул гардида, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва ноил шудан ба натиҷаҳои боз ҳам назаррас дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ вазифаҳои мушаххас ва дастуру супоришҳои зарурӣ муайян карда шуданд.