Савдои одамон ҷалб кардан, интиқол додан, паноҳ додан ё қабул намудани шахс бо роҳи фиреб, таҳдид, истифодаи зӯрӣ ё дигар шаклҳои маҷбуркунӣ бо мақсади истисмор мебошад. Шаклҳои истисмор гуногунанд: меҳнати маҷбурӣ, истисмори ҷинсӣ, гадоӣ, никоҳи иҷборӣ, ҷалби кӯдакон ба фаъолияти ғайриқонунӣ ва дигар амалҳое, ки ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд.
Ин ҷиноят аз ҷиҳати ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ яке аз вазнинтарин ҷиноятҳо ба ҳисоб меравад, зеро инсонро ба воситаи ба даст овардани фоида ҳамчун молу ашё истифода мебаранд.
Сабабҳои пайдоиши савдои одамон
Паҳншавии савдои одамон сабабҳои гуногун дорад. Камбизоатӣ, бекорӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ, сатҳи пасти маърифат, надоштани маълумоти кофӣ, фиреби пешниҳодҳои бардурӯғи кор дар хориҷи кишвар ва истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ҷинояткорон аз онҳо истифода мебаранд.
Баъзан шахсон бо ваъдаи ҷойи кори сердаромад, таҳсил ё зиндагии беҳтар фирефта шуда, ба доми гурӯҳҳои ҷиноятӣ меафтанд. Пас аз он шиноснома ва ҳуҷҷатҳои онҳо гирифта шуда, маҷбур ба меҳнати вазнин ё дигар амалҳои ғайриқонунӣ мегарданд.
Оқибатҳои савдои одамон
Савдои одамон ба қурбониён зарари ҷиддӣ мерасонад. Онҳо аз ҳуқуқи озодона зиндагӣ кардан маҳрум мешаванд, ба хушунат, таҳқир ва фишор дучор мегарданд. Бисёре аз қурбониён баъд аз раҳоӣ низ солҳои зиёд аз осори равонӣ ва ҷисмонии ин ҷиноят ранҷ мекашанд.
Инчунин савдои одамон боиси афзоиши ҷинояткорӣ, фасод, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар мушкилоти иҷтимоӣ мегардад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин падида вазифаи муҳими тамоми давлатҳо мебошад.
Нақши оила, мактаб ва ҷомеа
Пешгирии савдои одамон аз оила оғоз меёбад. Падару модарон бояд фарзандони худро дар рӯҳияи ҳушёрӣ, эҳтиёткорӣ ва масъулиятшиносӣ тарбия намоянд. Омӯзгорон вазифадоранд, ки ба хонандагон дар бораи ҳуқуқҳои инсон, хатари савдои одамон ва роҳҳои муҳофизати худ маълумоти кофӣ диҳанд.
Воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ низ метавонанд бо нашри маводи огоҳкунанда дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ саҳми назаррас гузоранд.
Чораҳои пешгирӣ
Барои пешгирии савдои одамон бояд қонунҳо қатъиян риоя шаванд, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тақвият ёбад ва ҳамкории байналмилалӣ густариш пайдо кунад.
Сармутахассиси шуъба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи назди раиси ноҳия Саидкозумова Хубон.


















































































































































































































































































































































































































































































