РУШДИ СОҲАИ ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ ДАР НОҲИЯИ ШУҒНОН – ОМИЛИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИ МАҲАЛЛӢ

Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, дар ноҳияи Шуғнон ба рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, айни замон дар ҳудуди ноҳияи Шуғнон зиёда аз 720 оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад. Шароити мусоиди иқлимӣ, гуногунии рустаниҳои шаҳдовар ва табиати нотакрори ноҳия барои истеҳсоли асали хушсифат заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Занбӯриасалпарварӣ яке аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо асали табиӣ, баланд бардоштани даромади оилаҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва беҳтар намудани гардолудшавии зироатҳои кишоварзӣ нақши муҳим дорад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор ҷиҳати рушди минбаъдаи ин соҳа, дастгирии занбӯриасалпарварон, зиёд намудани шумораи оилаҳои занбӯри асал ва баланд бардоштани сифати маҳсулот тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.