Ҳамдиёрони азиз!

Омӯзгорону кормандони соҳаи маориф, падару модарони гиромӣ ва хонандагони арҷманд!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027-ро ба кулли мардуми шарафманди ноҳияи Шуғнон, махсусан аҳли маориф, устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён ва волидони гиромӣ табрик менамоям.

Рӯзи Дониш барои ҳар як ҷомеаи соҳибтамаддун рӯзи муҳим ва рамзи оғози саҳифаи нави зиндагӣ, донишомӯзӣ ва худшиносӣ ба шумор меравад. Зеро маҳз илму дониш, маърифат ва тарбияи дурусти насли наврас заминаи асосии рушди устувори ҷомеа ва пешрафти давлат мебошад. Имрӯз, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ворид гардидааст, нақши соҳаи маориф дар тарбияи насли соҳибмаърифату ватандӯст боз ҳам муҳимтар мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ноҳияи Шуғнон ба рушди соҳаи маориф ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ноҳия 7 кӯдакистони замонавӣ бунёд гардида, барои ба истифода додан омода мешаванд. Ин иқдом боз як далели равшани таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи маориф, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани муҳити муносиб барои тарбияи кӯдакони мо мебошад.

Бовар дорам, ки ин муассисаҳои томактабӣ дар тарбияи насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинии кӯдакон ва омодасозии онҳо ба зинаҳои минбаъдаи таҳсил нақши муассир хоҳанд гузошт.

Имрӯз вазифаи ҳар як омӯзгор танҳо таълим додани дониш набуда, балки дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия намудани насли ояндасоз мебошад. Аз ин рӯ, аз омӯзгорони муҳтарам даъват ба амал меорам, ки бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат ба касби пуршарафи худ дар таълиму тарбияи фарзандони миллат саҳми арзанда гузоранд.

Хонандагони азиз!

Шумо – насли ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва идомадиҳандагони корҳои созандагии имрӯза ҳастед. Ҳар рӯзи таҳсилро бо азму иродаи қавӣ, шавқу рағбати зиёд ва эҳсоси баланди масъулият истифода намуда, барои аз худ кардани илму дониш ва касбу ҳунар кӯшиш намоед. Ватан ба ҷавонони донишманд, соҳибмаърифат, ихтироъкор ва ватандӯст ниёз дорад.

Дар ин рӯзи фархунда ба ҳамаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф барои меҳнати содиқона, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва саҳми арзандаашон дар таълиму тарбияи насли наврас сипоси самимӣ баён менамоям.

Бо истифода аз фурсати муносиб, бори дигар Рӯзи Дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027-ро ба тамоми устодону омӯзгорон, хонандагону донишҷӯён, падару модарон ва кулли сокинони ноҳияи Шуғнон самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадон сулҳу оромӣ, файзу баракат, саломатӣ ва хушбахтӣ орзу менамоям.

Бигзор соли нави таҳсил барои фарзандони мо соли дастовардҳои нав, комёбиҳои тоза ва қадамҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон гардад!

Рӯзи Дониш муборак!