Муҳтарам Шоисматуллозода Комил!
Шуморо ба муносибати сарфароз гардиданатон бо мукофоти давлатӣ — медали ҷашнии «35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона табрику таҳният мегӯем.
Ин қадршиносии баланд нишонаи эътирофи хизматҳои шоиста, фаъолияти содиқона ва саҳми арзандаи Шумо дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ободонию созандагӣ ва пешрафти ноҳияи Шуғнон мебошад.
Ба Шумо саломатии бардавом, саодати рӯзгор, сарбаландӣ ва дар фаъолияти минбаъдаи давлатӣ комёбиҳои бештар орзумандем. Бигзор ин мукофоти давлатӣ барои идомаи фаъолияти созанда ва хизматҳои шоиста баҳри ободии ноҳияи Шуғнон ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи тоза бахшад!
Бо эҳтиром кормандони дастгоҳи раиси ноҳияи Шуғнон.

















































































































































































































































































































































































































































































