Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни муқаддаси миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнон бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ меҳмонон ва иштирокдорон дар даромадгоҳи Қасри фарҳанг аз ҷониби аҳли ҳунари ноҳияи Шуғнон бо суруду таронаҳои ватандӯстона ва гулдухтарони либоси миллӣ ба таври хоса истиқбол гирифта шуданд.
Сипас, меҳмонон аз намоиши дастовардҳои соҳаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар самтҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шуғнон дидан намуданд. Дар намоиш беҳтарин дастовардҳо, маҳсулоти ҳунармандӣ, намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсули меҳнати сокинони ноҳия ба маъраз гузошта шуданд.
Чорабинии тантанавӣ дар толори Қасри фарҳанг идома ёфт.
Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил аҳли толор ва тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, аз нақши бузурги Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва ободонии Тоҷикистони соҳибистиқлол ёдовар шуданд.
Сипас, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Иброҳимзода Муҳаббат Мирзовалӣ, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, суханронӣ намуда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳозирин ва кулли мардуми саодатманди ноҳияи Шуғнон расонид.
Дар идомаи чорабинӣ як қатор фаъолони ноҳия барои саҳми арзанда дар рушди соҳаҳои гуногун, иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, ободонию созандагӣ ва омодагии шоиста ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо Ифтихорномаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангину пурмуҳтавои фарҳангӣ, ки аз ҷониби аҳли ҳунар ва санъаткорони ноҳияи Шуғнон омода гардида буд, пешкаши иштирокдорон шуд. Сурудҳои ватандӯстона, рақсу мусиқӣ ва барномаҳои фарҳангӣ ба чорабини ҳусни тоза бахшида, фазои идонаи толорро боз ҳам рангин намуданд.
Чорабинии тантанавӣ бо шукргузорӣ аз соҳибистиқлолӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву худшиносии миллӣ анҷом ёфт.

















































































































































































































































































































































































































































































