Хиёнат бахшида нахоҳад шуд!

Дар миёни мо одамоне ҳастанд, ки доимо манфиандеш мебошанд ва бо ин манфиандешиашон аз дигар одамон тафовут доранд. Мисоли равшан Муҳаммадиқболи Садриддин, Муҳиддин Кабирӣ, Ҳусейн Ашуров, Алим Шерзамонов, Шавкати Муҳаммад, Беҳрӯз Тағойзода, Салмон Холиқов, Абдусаттор Бобоев, Акмал Астанаев мухолифини ашаддии миллати тоҷик мебошанд, ки ягон масъаларо мусбат намеандешанд. Ҳатто агар офтоб гармӣ дорад гӯӣ, онҳо ҳатто гармии онро манфӣ баҳо медиҳад. Ин ҳаромзодаҳо имрӯз дар хориҷӣ кишвар фитнасозӣ ва ихтилофу ҷудоиандозиро сар машқи кори худ кардаанд, ба номи “фаъолони сиёсӣ” дар хориҷа макон пайдо карда, ҳар ҳаводиси дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастаро обу ранги сиёсӣ дода мехоҳанд ҳадафҳои нопоку зишти худро пиёда намоянд. Исломгароёни ҲНИ аз оғози фаъолияти хеш барои сохтани давлати исломи дар ҳудуди Тоҷикистон буданд ва пайваста кӯшиш мекарданд то ки ба ин ҳадафи худ ноил гарданд. Бо ба истиқлолият ба даст овардани Тоҷикистон пайравони зархариди ҲНИ барои пиёда намудани мақсадҳои нопокӣ худ мардуми осоиштаро ба майдонишинӣ ва қатлу куштор, резонидани хуни тоҷику бародари хеш сафарбар намуданд. Дар натиҷаи носозггории намояндагони ҲНИ Тоҷикистони навбунёду тозаистиқлол ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд, ки дар натиҷа як миллион нафар гуреза ва зиёда аз 200 ҳазор қурбонӣ ба ҷо гузошт. Ҳамзамон хисороти ин ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро коршиносон ба 10 миллиард доллари амрикоӣ баробар донистанд. Дар таърихи Тоҷикистон ин ҳаводис бо манзараҳои мудҳишу куштори нобиғаҳои миллат, рӯзи сиёҳи миллат боқӣ монда, сабабгорон ва таҳмилгарони ин ҷанги шаҳрвандӣ наҳзатиёни гадо, хиёнаткорони дар боло зикр шуда мебошанд, ки мардуми тоҷик онҳоро намебахшад ва нахоҳад бахшид.
Дар аслу пайкори мухолифини кишвар ба ҷуз бухлу адоват ва коштани тухми бадбиниву зишткорӣ дигар чизе нест. Ин хоинони Ватан бо фурутанӣ ва номардӣ дар паси навору видеоҳо истода аз худ ҳомии халқ тарошида, хосторӣ имтиёзи бештаре дар Тоҷикистони азиз ҳастанд. Аммо нафаре, ки дар шодиву ғами миллат ҳамроҳ нест, чӣ тавр ҳомии давлату миллат мешавад. Ба мисли ғуррамардони Ватан дар сарҳади кишвар сипар нашуда, чӣ тавр Ватанро аз душман ҳифз мекунад. Дар ин ҳолатҳо ҳама даҳон пушидаанд. Зеро ҳарфу сухане пайдо карда наметавонанд. Ин аз худ гузаштанҳои фарзандони миллат ба хотири дигарон, ба хотири Ватан, ба хотири Модар, ба хотири фарзандон қаҳрамонист. Ва аммо ин хоинон кай аз хоби ширини худ гузашта дар ҳифзи истиқлолу сулҳу суботи бебозгашт кушиш кардаанд? Кай ин хоинон аз роҳати худ гузашта ба хотири дигарон ҷон додаанд? Кай ин хоинон ба манфиати миллати тоҷик ягон амале анҷом додаанд? Кай? Кай? Кай? Ҳеҷ вақт…. чун саг ҳама ҷаккидан метавонад…
Имрӯз месазад, ки дар шинохти душман, симои аслии он, мақсад, ҳадаф ва манфиатҳо, чашми ҳақбине дошт. Дар радифи ин аз паҳн кардани овозаҳои бардурӯғ, тӯҳмат, таърифи беасос ва ғайра худдорӣ кард. Ҳамчунин эҳсоси баланди ватандориву хештаншиносӣ ва ифтихори милливу худшиносии миллӣ метавонад, аз таҳдидҳои падидаҳои замони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, радикализму сепаратизм ва гурӯҳҳои хурди муташакили ҷиноӣ, бетарафиро барои ояндаи миллату давлат пеша накард. Бар ин асос дар шароити кунунӣ мавҷудияти давлатро ҳифз кард. Зеро давлат ягона ниҳоди таъминкунандаи амнияти шахсиву ҷамъиятист. Пас бояд имрӯз давлатро ҳамчун як рамзи олӣ ва муқаддас пос ва гиромӣ дошт.

Рустамов Суҳроб,
коршиноси масоили сиёсӣ