Мусаллам аст, ки ҷузъе аз фарҳанги ҳар чомеаро бовару эътиқодоти мардумони он ташкил медиҳад, ки дар тули таърих вобаста аз дараҷаи шинохт ва маърифати сокинони ҷомеаи муйаян ба тарзҳои мухталиф вуҷуд доштааст. Дин ба масобаи бовару эътиқодоти инсонӣ падидаи фардӣ-хусусӣ буда, ҷиҳати бароварда сохтани эътиқоду боварҳо ва ҳамчун ҷубронсози омоли инсонӣ дар ҷомеа нақш дорад. Ҳамин аст, ки дар ҷомеаҳои мадумсолор дин бештар хусусияти инфиродӣ дорад ва дар ин ҳангом хасоиси қудсии дин бештар муҷаллост, вале ҳар гоҳ ки дин сиёсатзада мешавад ва чун фишанги сиёсӣ суиистифода мегардад, дигар ҷавҳарияти қудсии хешро аз даст медиҳад ва ба олати муборизоти гурӯҳҳои манфиатхоҳ бадал мешавад. Зуҳуроти ташкилоти террористии наҳзат ба ҳайси як созмони сиёсӣ дар фазои кишвар, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта ба майдон ворид шуд, танҳо барои миллат ва мардуми кишвар чӣ аз нигоҳи маънавӣ ва чи аз нигоҳи иқтисодӣ ба ҷуз аз зарар чизи дигаре наовардааст. Аз бомдод фаъолиятҳои ин ташкилоти террористӣ зиддиинсонӣ ва зиддимиллӣ буд. Аз аввалин идеяҳои аз ҷониби сардамдорони ин созмон пахш шуда то охирин корҳоеро, ки анҷом додаанд, ифодагари руҳия зидди озодӣ ва инсонбадбинианд, ки дар дискириминатсияи табақотӣ ва ҷинсӣ ба назар мерасанд. Аз замони зуҳури ин ташкилот ба шиддат озодиҳои инсонӣ дар кишвар маҳдуд гардиданд, хурофот, таассуб ҷаҳл, нодонӣ ҷои озодагиву дониш ва ҳунарро дар кишвар гирифт ва баданаҳои иҷтимоиро хароб намуд. Чунин раванд тайи даҳсолаҳост дар саросари кишвар шакл гирифтааст ва дар ҳар нуқтаи кишвар як шахси оддӣ низ метавонад онро мушоҳида намояд. Воқеият ин аст, ки омили асосии ба шиддат мазҳабишавии ҷомеа ва маҳдуд кардани озодиҳои шаҳрвандон яке аз принсипҳои ташкилоти террористии наҳзат маҳсуб аст. Дар сохтани фазои хурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ, ки батадриҷ дар ҷомеаи мо нуфуз пайдо карда, ҳанӯз реша давонида истодааст, нақши ТТЭ ҲНИ ва фазлфурӯшиҳои раҳбарияти он назаррас аст. То сентябри соли 2015, ки ин ташкилот ҳамчун ҳизб дар дохили кишвар озодона амал мекард, дастандаркоронаш бо шеваҳои мухталиф фазоро пур аз афкори мазҳабиву хурофотӣ намуда, тавассути рӯзномаҳо, маҷаллаҳо, пахш кардани диску мавъизаҳо, сомонаҳои интернетӣ ва амсоли ин фазои маънавии кишварро тира намуда, мавҷи афкори муғризонаву зиддиинсонии хешро пахш менамуданд.Ин ҳолат ҳанӯз дар охирин марҳилаи мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз гардид ва дар воқеияти баҳманмоҳи соли 90-уми қарни гузашта, ки ин фитна низ аз тарафи сардамдорони вақти ТТЭ ҲНИ тарроҳӣ гардида буд, роҳандозӣ баръало ба назар мерасид. Марҳилаи баъдина ва шиддатноки маҳв кардани озодиҳои инсон ба дасти ин гуруҳи террористӣ, ба даврони тоза ба истиқлол расидани кишвар рост омад. Он замон наҳзатиҳо мардумони ноогоҳро тавассути дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатузӣ, фурсатшуморӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ худотарошии «пирон» ва ҳаммаслакони ин ташкилоти террористӣ гумроҳ карда, ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар кишвар роҳандозӣ намуданд ва миллатро дар ҳоли нобудӣ гузоштанд. Ин амалии ваҳшатноки равонӣ, ҷисм ва рӯҳияи миллӣ-мардумиро дар минтақа шикаста, боиси худбохтагӣ, бегонапарастӣ, бадбинӣ, яъсу ноумедӣ ва дар маҷмуъ, хурофоту таассуби шадид гардид. Агар саҳафоти таърихи миллатро аз охирин мароҳили Шуравӣ ва бомдоди истиқлоли давлатӣ то ба имрӯз холисона мурур кунед, он гоҳ хоҳед, дарёфт, ки «пирони наҳзатӣ» бо афкори муғризонаву заҳрогини хеш бо мақсади ба даст оардани пулу сармоя ва ба даст гирифтани қудрати сиёсӣ то куҷо миллат ва мардумро ба бероҳагиву сардаргумӣ ва масмуият гирифтор намудаанд. Насли миёнсол ва солманди кишвар хуб дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и сардамдорони ташкилоти террористии наҳзати ислом дар Тоҷикистони навбаистиқлолият расида даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи масъулини наҳзатӣ дар гузашта, боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯйи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталобони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и созмони мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни ақаллиятҳои этникӣ ва мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, хусусан минтақаҳои даргир боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст. Яке аз шеваҳои таассубзадагӣ ва хурофапардозиии ТТЭ ҲНИ бо роҳи таҳқиру таҳвин муҳри кофар задан ба мухолифини ақидатии хеш ва нафарони дар баробари эшон қад аламкарда буд. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни онҳо қарор доштанд, дар ибтидои соҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми бесавод ва камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТТЭ ҲНИ-и давр ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини инсонҳои мухолиф ба наҳзат ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд. Воқеияти ҷомеаи тоҷик нишон медиҳад, ки тасмимгириҳои бебандубор ва мухолифатҳои нобаҷои ин ҳизб дар замони расман амал карданаш дар дохили кишвар ва имрӯз фарориёнаш дар хориҷи кишвар дар фазои иттилоотиву расонаӣ заминаи ниҳодӣ шудани ҳассосияҳои ифротикунандаи диниро тавсеа бахшида, билқувва ба дастгоҳи ба вуҷудоварандаи зиддиятҳои иҷтимоӣ ва нафрат доштан ба ҳукумату давлат, миллату ватан ва низоми дунявият табдил ёфтааст. Ҷаҳонватании (космополитизми) тафаккури якбуъдаи дини сиёсишуда тайи қарнҳо ҳувиятҳои миллиро масмум карда, инсонро ба як бардаи худбохтаи биороботӣ табдил сохтааст. Агар ба таърихи бистсолаи ин ҳизб иҷмолан таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки тайи фаъолият ҳизби мазкур ҳамеша зидди дониш, зидди хираду ақлгароӣ ва тафаккури интиқодӣ буда, интиқодро танҳо дар доираи манофеи маҳдуди худ матраҳ месохт ва дар ин замина, тариқи расонаҳои хабарӣ ва гурӯҳӣ ҳангомасозиро ҷур карда, имрӯз ҳам дар ин масир гом мебардорад. Хурофазадагӣ, дуруғпароканӣ вопасгароӣ, инсонбадбинӣ, маҳдудкунии озодиҳои инсон шеваи аслии ин ташкилоти зиддимиллӣ ва зиддиинсонист.Таблиғоти густурдаи арзишҳои мазҳабӣ ва тамҷиди фалсафаи ҷиҳоду шаҳодат аз тарафи сардамдорони ин созмони террористӣ ҷомеаро сахт мазҳабӣ намуда, боиси дастаҷамъона гаравидани иддае аз сокинони кишвар ба гуруҳҳои мухталифи террористӣ гардид. Ҳамчунин ба вуҷуд омадани навъҳои мухталифи мазоҳиби исломӣ дар кишвар, ки аз назари бунёдӣ ба ҳам мухолифат дошта, ҳамдигарро таҳаммул карда наметавонанд, низ натиҷаи амалкардҳои наҳзатист. Саркардаҳои ТТЭ ҲНИ, ки лофу газоф аз мардумпсолориву ҳуқуқи башар мезананд бо фаъолиятҳои зиддиинсониву зиддмиллии хеш ҷомеаро грифтори таассубу хурофоти динӣ ва бархурдҳои мазҳабӣ сохта, динро аз асли фардиву имонӣ ва қудсият берун оварда, онро ба василаи нобудкунандаи инсонӣ табдил додаанд. Ин идда савдогарони дину мазҳаб бо роҳи фиребу найранг, фазилатфурушӣ дину диндориро ба василаи осони расидан ба қудрат табдил намуда, сабаби бадбахтии мардум гардидаанд. Бо ҳама ин аъмоли террористи ва зиддинсониву зиддмиллие, ки анҷом додаанд, ҳануз ҳам заррае шарм намедоранд. Боз ҳам тавассути васоити ахбори умум пайи мағзшуии аҳли ҷомеа ва тахриботанд. Инҳо ба ҳамон заҳҳоки мордуш монанданд, ки аз мағзхорӣ ҳеҷ гоҳ парҳез намекунад. Алҳазар аз чунин инсонсуратони мордуш! Алҳазар! А. Ашурзода,номзади илмҳои сиёсӣ