М.Садриддин ва ташкилоти наҳзатиёни хоини манфиатхоҳаш, ки ҳисси баланди ҷоҳпарастӣ дошта, бо андешаҳои ҷоҳилона барои нобуду парешон намудани халқу миллати тоҷик талош менамоянд, то ҷомеаи исломие саршори фитнаҳои домулло ва имомҳои фосиқ ташкил намоянд. Мақсаду маромашон, ки ғасби ҳокимият ва давлатро доранд, солиёни чанд бо қумаку дастгирии хоҷагони хориҷӣ нақшаҳо тарҳрезӣ намуда, чандин маротиба кӯшиши амалӣ намудани фаъолияти муғризонаашонро намуда истодаанд. Моҷароҷӯёни ҲНИ худхоҳони иғвогареанд, ки заррае дар фикри миллату сарзамин набуда, талоши мансаб чашмони ҳарисашонро кӯр гардонда, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ шармандаву шармсор, гадои дар ба даранд. Ҳатто зану фарзандон ва наздикони худро низ дар сияҳкориҳои худ ҷалб намудаанд. Ин тоифаи бадсигол, ки хостори ташкили ҷомеаи ҷоҳилонро доранд, аммо имрӯз зиндагии Аврупоро ихтиёр намудаанд. Ҷомеаи исломии наҳзат бидуни илму техника сохта шуда, тарақиёт, иқтисодиёт, истеҳсолоти кишварро бо амри маъруфу ҷангу хунрезӣ талаву тороҷи мардум ташкил намуданро чун ҳамсоякишвар доранд. М.Саддриддин низ дастпарвари ҳамин ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мебошад. Ин хоинони разили наҳзатӣ гӯё хостори ҷомеаи мутамаддин ва мутараққӣ ҳастанд, аммо барои он коре намекунанд. Маҳз ҳушёриву зиракии сиёсии мардуми тоҷик буд, ки саривақт аз ниятҳои нопоки моҷароҷӯёни мансабталоши ТТ ҲНИ огоҳ гашта, парда аз рӯяшон бардошта шуд. Садоқату ҷавонмардии фарзандони бо нангу ори миллат баҳри оромиву осудагии Ватан ҷони худро дар хатар гузошта бо душмани дохилии хиёнаткор муборизаи беамон бурданд, ки имрӯз мо дар фазои сулҳу субот оромиву осудагӣ дар сарзамини биҳиштосоямон зиндагӣ намуда истодаем. Ҳоло ки ҳамаи чиз ошкор гардид, ин тоифаи пастниҳодон ҳақи танқиди шахсони дигарро надорад. ҲНИ ташкилоте, ки аз рӯзи оғози фаъолият ягон коре ба манфиати давлату ҳукумат накард, танҳо ташкили моҷарову нифоқ дар байни мардум, тарғибу ташвиқи кӯр-кӯронаи дини ислом дар шакли ҷудоиандозӣ, ташкили ҷангу ғасби ҳокимият гардидааст. Ин ташкилот дар олами ҷаҳолату зулмот ғӯтавар гардида дар қӯи гадоиву дар ба дарӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шармандаву шармсор гардидааст. Дар ҳар давру замон зина ба зина шурӯъ намуда аз роҳбарони қаблӣ то имрӯз то ба Кабирии манфур , чеҳраҳо танҳо иваз гардида фаъолияти хоинӣ, хиёнатпешагӣ ва гӯлу гумроҳсозии афроди ноогоҳ то ҳанӯз аз ҷониби наҳзатиён идома дорад. Ин гурӯҳи бе аслу насаб, ки дар олами ҳирсу мансаб, кибру ғурур ва ҷаҳолату гумроҳӣ ғарқ гардида, одаму оламро фаромӯш сохтаанд боре аз аъмоли нангини худ андеша накардаанд. Зеро онҳо чун инону ихтиёрашон, ки дар дасти бузургворонашон қарор дорад, то лаҳзаҳои вопасини ҳаёт хизматашонро ба ҷо хоҳанд овард. Ин аст натиҷаи амали хиёнат ба Ватану Миллат. Ҳар фарде, ки ба қадри бузургии Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, қадами ноҷое чун наҳзатиён мемонад дар кӯи дар ба дарӣ то охири умр мемонад. Дар иҷрои супоришҳои корфармоён наҳзатиён ҳама чиз нангу номусу виҷдонро фурухтаанд. Ҳайфи чунин афроде, ки мубталои нафс гардида , аз баҳри одаму олам гузашта хиёнатро пешаи худ медонанд. Гурдофариди Даврон