Имрӯзҳо анҷуману созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ба Интернет рӯ оварданд, чунки Интернет барои ҳама дастрас буда, ҳар нафар метавонад аз он истифода намояд, омӯзад, омӯзонад, нависад, тиҷорат намояд, ба таблиғоту ташвиқот машғул гардад ва ба таври онлайниву ғайрионлайнӣ, видеоиву аудиоӣ ва навишторию аксӣ анҷом диҳад. Ба истилоҳ Интернет дунёест бузург, ки иртиботи ногусастанӣ бо ҷаҳони мо дорад. Тайи чанд рӯзи охир аст, ки хоинону ватанфурӯшони миллат ба ном Анҷумани озодандешони Тоҷик-ро таъсис додаанд ва тариқи шабакаҳои интернетӣ ин анҷумани хоинонаи худро миёни мардуми тоҷик таблиғ намуда, ба ин васила мехоҳанд мардуми сарбаланди тоҷик аз он ҷумла ҷавононро ки пайваста аз шабакаҳои интернетӣ истифода менамоянд, бо фиребу найранг ба гурӯҳи худ шомил намоянд. Тайи чанд соли охир аст, ки мухолифони миллат ба ном Паймони милли Тоҷикон ва гурӯҳи 24-ро дар аврупо тасис дода, мехостанд мардуми сарбаланди тоҷикро бо роҳи фиребу найранг ба гурӯҳҳои худ шомил намуда зидди ҳукумати осоиштаамон шуронанд. Хушбахтона ба ин мақсади разилонаашон нарасиданд. Бар ин васила бо роҳи аз шабакашои интернетӣ роҳгум занонидани ҷавонон ба ном Анҷумани озодандешони Тоҷик-ро таъсис додаанд. Тибқи таҳлилу гузоришҳо махсусияти Интернет дар ҷалбсозии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои экстремистию террористӣ дар он зоҳир мегардад. Ҳамаи ин созмонҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ барои ба ҳадафҳои нопоки худ ва хоҷагонашон расидан бештар аз шабакаҳои иҷтимоӣ (Одноклассники, Faceebook, B контакте, Twitter ва ғайра) ва мессенҷерҳо (WhatsApp, Viber, Telegram, Faceebook Messenger, Skype, ICQ, Google Hangouts ва ғайра) истифода менамоянд. Ҳар шабакаи иҷтимоии Интернет бошад, дар навбати худ хусусиятҳои ба худ хоси хизматрасонӣ ва истифодабариро дорад.Аз ин лиҳоз наврасону ҷавононро зарур аст, ки ҳангоми истифодаи сомона ва шабакаҳои интернетӣ ҳушёру эҳтиёткор бошанд, ба фиребу найрангҳои душманон ва хоинони миллати тоҷик наафтанд, ҳаргуна мақолаҳо, аксҳо ва видеороликҳои хусусияти экстремистию террористӣ доштаро тамошо ва паҳн накунанд.Самандари Њаким,рӯзноманигор