Сиёсикунонии дин яке аз масъалаҳои сарбастаи низоми сиёсӣ дар баъзе кишварҳои мусалмонӣ гардидааст. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ хатогии маҳз аст, ки онро гурӯҳҳои муайян дар муборизаҳои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда оташи ҷангҳои ифротгароёнаро меафрӯзанд. Ҳизбу ҳаракатҳои дорои хусусияти динӣ одатан низоми давлатдории миллиро хилофи дини ислом ва омили асосии паст задани дин дар ҷомеа меҳисобанд. Имрӯз дар байни сокинони асосии кишвар ба ин тамоюлҳо баҳои дуруст дода мешавад. Аммо баъзеҳо то ҳанӯз доир ба фаҳмиш ва дарки дурусти моҳияти низоми давлати дунявӣ – демократӣ ва миллӣ нарасидаанд.Ба ин мисол шуда метавонад ташкилоти террористии ҲНИ. Мутаассифона, дар тасаввури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд, ки онҳоро ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд. Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар гузашта ҷинояткор будаанд ва ҳоло низ аз ин аъмоли худ даст накашидаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найрангҳои динӣ аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Гурӯҳҳои бадрафтор ва террорист барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебаранд, ба монанди собиқ роҳбари ТТЭ ҲНИ, ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷангзада шаҳрвандон бевосита иштирок менамоянд ва ҳалок мегарданд.Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин муддат, хусусан аз солҳои 90-уми асри гузашта то ин ҷониб ба масъалаҳои мубориза бар зидди экстремизм таҷрибаи калон ба даст овардааст. Тавре медонем, аз нахустин давраҳои рушду такомули ҷомеа бар зидди ҷинояткорон муборизаи беамон мебарад. Зеро ҷиноят ва ҷинояткорон дар тасаввур ва афкори маъмулӣ ҳамчун амали манфӣ нақш бастааст. Экстремизм раванди ҷонибдории усулҳои ифротӣ, ки аз тарафи ҳизбҳо, созмонҳо, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳатто аз тарафи базе давлатҳо созмон ва дастгирӣ меёбанд, дониста мешавад. Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва ба ин монанд амалҳоро дар бар мегирад. Махсусан, ифротгароии динӣ фаъолияти аз нигоҳи динӣ ниқобпўшониест, ки зӯрӣ дигаргун сохтани сохти давлатӣ ё ғасби зӯраворонаи ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзи давлат ва ба ин мақсадҳо ба амал овардани душманию бадбинӣ мебошад, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ ба мушоҳида мерасад.Терроризми динӣ низ иҷрои амалҳое мебошад, ки бо мақсади ҷисман нобуд сохтани ҳарифи сиёсӣ, ба амал баровардани хавфу хатар барои одамони бегуноҳ ва ё бевосита нобуд сохтани онҳо, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, таъсиррасонӣ ба қабули қарордод аз ҷониби мақомоти ҳокимият ва бо мақсади ба амал овардани вазъияти тарсу ҳаррос ва тарсонидани аҳолӣ истифода мешаванд.Терроризм ва экстремизм дар якҷоягӣ дар ҷомеаи имрӯза яке аз омилҳои хавфноки ҷинояткорӣ ба ҳисоб рафта, муборизаи пуршиддат бар зидди ин навъи хатар ба вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷа мубаддал гардидааст.К. Субҳонзода,пажуҳишгар
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































