Рӯзҳои охир хабаре паҳн шуд, ки Кабирӣ аз вазифаи саркардаи ташкилоти террористии наҳзатӣ истеъфо додааст ва ба ҷояш ифротии дигаре бо номи Исломиддин Саидов интихоб шудааст.Ҳоло маълум нест, ки истеъфои Кабирӣ чӣ гуна истеъфост? Ё ин нимистеъфост? Зеро аз наҳзат рафта бошад, ҳам ҳамчун саркардаи созмони ифротии ПМТ боқӣ мондааст. Ва наҳзати террористӣ дар дохили ин сохтори ифротӣ аст. Яъне рафтасту боз нарафтааст. Худи Кабирӣ ҳам чунин ҳолаташро дар мусоҳибаҳояш ошкоро гуфтааст. Ба ҳар ҳол Кабирӣ аз ин доираи ифротиҳо берун нарафтааст.Бо интихоб шудани (агар инро интихоб гуфтан мумкин бошад) Исломиддин Саидов ҳамчун саркардаи ин ташкилот оқибат риш ба наҳзат баргашт. Давоми бист соли охир Кабирии бериш ба наҳзат роҳбарӣ мекард. Аммо баъзеҳо мегуфтанд, ки риши Кабирӣ аз дарун то миёнаш мерасад. Ба он маъно, ки Кабирӣ ҳам як ифротист, лекин худро зоҳиран як зиёӣ ва мудерн вонамуд мекунад ва барои ҳамин ришашро метарошаду галстук мебандад.Аҷиб аст, ки Исломиддин Саидов барои саркардаи як созмони террористӣ шудан бо ришаки бузмонандаш ҷилва дорад ва ҳай дағдаға мекунад.Оқибати гумроҳию ҷаҳолат ва хиёнату душманӣ ҳамин аст. Дигар росту дуруғро фаҳмида наметавонад. Дарк намекунад, ки ин амалҳои зишти зиддимиллӣ ҷавобгарӣ доранд. Рӯзи ҷазо доранд. Истеъфои аҷибу ғариби Кабирӣ дар ҳолест, ки наҳзатиҳо бисёр ғарибу нотавон ҳастанд. Маълум нест, ки ин раиси навашон ба кӣ роҳбарӣ мекунад? Ба чанд хешу зану бачаи Кабирию худаш?Чанд вақт пештар дар миёни наҳзатиҳо ихтилоф сар зада, як сагҷанге давом дошт. Барои чанд пули ҳамром ҳамдигарро мехоиданд. Аввал яке аз гушнатарини гушнаҳо – Шарофиддин Гадоев ба саркардаи ифротиён, Кабирии дузду хоин дарафтод. Мисли сагбачае, ки аз назди саги калонтар устухонро рабудан мехоҳад, ҳамла кард. Кабирӣ ба ин ҳамла гуё эътибор надод, аммо ба таҳлука афтод, зеро аз ӯ ҳисоботу истеъфояш талаб карда шуд.Баъд дар фазои маҷозӣ келини Кабирӣ якбора пайдо шуду расвоии дохили хонаводаи уро фош кард. Таҳдиди вай дар хусуси ба суд додани уву писараш Кабириро сахт тарсонду ӯ аз ниҳояти шармандагӣ ҳарфе гуфта натавонист. Ин ҳам ошкор шуд, ки байни келини Кабирию писари Муҳаммадиқболи Садриддин бар хилофи хостаи саркардаи ифротиён робита будааст. Ва аз ин сабаб писари кабирӣ ин занро лату куб кардааст. Шояд ҳамин сабаб буд ва ё ягон пулу моли тақсим нагардидае, ки Муҳаммадиқболи Садриддини ифротӣ бо интишори як маводи калон Кабириро ба фасодкорию нобакорӣ айбдор сохт ва истеъфояшро талаб кард. Ҳамин тавр, чанд афроди дигари марбут ба наҳзати террористӣ низ ахиран истеъфои Кабириро талаб карданд. Аслан, бесаводию гумроҳии ташкилоти террористии мазкур роҳ сӯйи ҷаҳолату таассуб аст. Зеро калла аз наҳзатиҳо буда, ақл аз дигарон мебошад. Ва ин ақли бегона бо тақдири онҳо бозӣ доштаву мағзи аз ақл тиҳиро қурбони бозиҳои сиёсии худ мекунад. Чунки ҷони нодон ҳамеша дар азоб будаасту хоҳад монд. Ғайр аз ин, ҳар он ки дар ҳаёт пайравии бешууронаро бар дигарон пеша мегирад, мусалламан роҳаш аз оғоз пойбанд бар иштибоҳ асту рӯ бар шикаст дорад. Дар бозие, ки ин тоифа кашида мешавад, асло пирӯзӣ нест. Тақдири онон қаблан аз ҷониби «тақдирнависон»-ашон муайян гардидааст. Вазифааш якест: ноором сохтани вазъият дар нуқоти зери назар тавассути хунрезию қатли мардуми осоиштаю бегуноҳ, дар дили онҳо бедор намудани ҳисси ваҳму яъсу навмедӣ.Роҳбарон, аъзоён ва фаъолони ташкилоти террористии мазкур гирифтори доми тазвир ва фирефтаи гуфтаҳои бегонагон гашта, ба хизмати эшон камар мебанданд ва дар навбати худ афроди зиёдеро гумроҳ намуда, ба ин ҷода мекашанд. Дар ин росто аъмоли онҳо «Як даст ба мусфаҳанду як даст ба ҷом»-ро мемонад. Дар воқеъ, бидуни шакку шубҳа наҳзати террористӣ аз ниҳояти ҷаҳолату бесаводии хеш, пойбанди афкори дигарон аст. Бо талқини дигарон дасти тааррӯз сӯйи оромию сулҳу салоҳ ёзонда, хуни ҳамватанонро рехт, боиси марги чандин ҷавони фиребхӯрда шуд ва мӯҷиби бадбахтии даҳҳо оилаи тоҷик гашт. Амалҳои номатлуби онон дар гузашта боиси нооромии авзои сиёсӣ дар минтақаҳои гуногуни кишвар гардида, ҳатто ба куштори даҳҳо нафар шаҳрвандони бегуноҳи оварда расонд. Масалан, соли 2010 аз ҷониби созмони мазкур 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатл расонида шудаанд. Бешак наҳзати террористӣ нияти разилона ва нопок дорад. Дар вуҷудаш амалҳои нафратангезу кассиф аст. Дигар таасубу ҷаҳолат, кароҳату ҷиноят ҳастии онро фаро гирифтааст. Ҳамин аст, ки ин тудаи бадхоҳ сари худро хурда тамом мешавад.Насим Шарифзода,пажуҳишгар