дар фазои маҷозӣ Фаъолияти саркардаву масъулини ташкилоти экстремистии ба ном «Гурӯҳи 24» аз оғоз ва ҳамеша барои дарёфти фоидаи муфт равона шудааст. Ба хотири фоида гирифтан ҳатто байни онҳо борҳо муноқиша ва задухурдҳо рух додааст. Масалан, таъсисгари созмони мазкури ифротӣ – Умаралӣ Қувватов ҳам зимни талош барои кадом як пуле аз суи ҳамсафонаш кушта шуда буд.Зимни суханронию интишори матолиби таблиғотӣ онҳо бештар бинандаю шунавандагонашонро барои пардохти пул барояшон водор мекунанд. Албатта ин як намуди бисёр манфури қаллобист. Ин гуна амали нангин, аз ҷумла, дар рафти барномаи ба ном «Сӯҳбати озод» ба назар мерасад. Ровии он Ҳусейн Ашурови террорист, ки худро муовини раиси ташкилоти манфур меҳисобад, гаштаю баргашта тамошобинонро барои «лайк» мондан ва бознашри барнома водор мекунад, ки мақсадаш дарёти маблағи пулист. Вай ҳатто ошкоро гадоӣ карда, аз одамон пул металабад. Бадтар аз ин, маҳсули лагерҳои террористӣ – Ҳусейн Ашуров, ки як хоини ифротӣ аст, дар барномааш бо роҳи туҳмату буҳтон ва суханҳои бесаводона зидди манофеи миллату давлати мо баромад мекунад. Ин душмани миллат нисбати кормандони масъули давлатӣ суханҳои беасосу дуруғ гуфта, мардумро рӯйрост ба ҷангу тазоҳурот даъват мекунад, ки ҷинояти нобахшиданист.Ҳамаи амали ин тудаи касиф барои фиреби мардум ва дарёфти фоида аст. Аз найрангу ҳила ва ҳарзабофиву дурӯғгӯиҳо кор гирифтан ин сифати хоси тамоми аъзоёни ташкилаи ифротии “Гурӯҳи 24” аст. Аъзоёни ташкилаи мазкур мехоҳанд бо дасисаангезӣ, тафриқаандозӣ ва ташвиқу тарғиб намудани ғояҳои ифротиву террористии эҷоднамудаи худ, ҷавононро дар бунбасти фикрӣ қарор диҳанд, ва баъдан, бо баҳонаи “пуштибонӣ аз дину мазҳаб” онҳоро ба доми худ афтонанд ва мағзшӯйи намоянд.Худи Ҳусейн Ашуров такрор ба такрор ғояҳояи радикалӣ ва ифротии гурӯҳи террористии худро тарғибу ташвиқ менамояд. Шахсияти террорист, худбохта, ифротиву мутаассиби худро як шахси огоҳу озодандеш ва ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” – ро ташкилаи мардумӣ нишон медиҳад. Ба худ ҳар гуна унвону мартабаҳои беасосу сохта ва дурӯғини мардумӣ дода, кӯшиш мекунад, ки аз худ як шахсияти миллӣ ва мардумӣ бисозад. Ин дар ҳолест, ки аз ҷурму ҷиноятҳои сангини ба сари мардуму давлат содир намудаи ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” ба хубӣ огоҳанд. Ашур Ҳусейн дар сӯҳбатҳо фаъолияти дигар ташкилаҳои террористӣ ва ғояҳои онҳоро, ки ба амнияти тамоми кишварҳои сайёра хатар эҷод мекунанд, тарғиб мекунад. Тамоми пайравони “Гурӯҳи 24” ба монанди пайравони дигар гурӯҳҳои террористӣ душманӣ ба илму дониш, фарҳангу маърифат ва эҷодкорӣ доранд. Инкор намудани фарҳангу арзишҳои волои зиндагии инсоният ва баръакс густаришу ривоҷ додани ғояҳои ифротиву террористӣ дар ҷавҳари фаъолияти зиддибашаронаи аъзоёни ташкилаи террористии “Гурӯҳи 24” мехобад. Аз ин рӯ, ин созмони манфур ҳамчун дастгоҳҳои таблиғотии терроризму эктремизм ба тамоми инсоният хатар дорад.Насим Шарифзода,муҳаққиқ
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































