Терроризму ифротгароӣ – хатар ба инсониятИмруз ҷомеаи ҷаҳониро мушкилоти терроризм ва экстремизм таҳдид менамоянд. Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаи саросарӣ, қотеъият ва анҷоми тамоми чораҳои пешгирӣ аз ин падидаҳо, ҳанӯз ҳам ҳадсу гумонҳои зиёде бар зеҳнҳои огаҳ зуҳур мекунанд ва ҳазорон суолҳои нокушода ва мубҳаму машкукро дар назди инсон пеш мегузоранд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ оқибатҳои даҳшатноку ғамангезеро ҳар замон дар худ таҷриба мекунад.Коршиносон ва таҳлилгарон бар ин ваҳдати назаранд, ки нафрату кина, ҷаҳлу ҷаҳолату нодонӣ, таассубу хурофот, ноумедӣ, афсурдагии равонӣ, бардоштҳои ғалат аз падидаҳои сиёсӣ, гумроҳиҳои эътиқодӣ ва нодории молӣ сабаб мешаванд, ки кас ба боварҳои таҳрифшуда ва ҳадафмандонаи гурӯҳҳои ифротӣ дода шавад. Аз тарафи дигар, дар шинохти террористу экстремист назарот ва шарҳу тафсирҳо гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста ва ботакрор таъкид мекунанд, наметавон ёфт, ки гуфтаанд: “Тероррист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Оре, террорист мавҷуди беҳувиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст. Террорист мавҷуди маъюбу махуфу сиёҳи сарзамини ҷоҳилӣ аст, ки ҳар амалу рафтори хашини ӯ дар сиёҳтарин сафҳаи дафтари таърих аз худ нишон мегузорад.Агар руҷуъе ба таърихи пайдоиш, раванди шаклгирӣ, падидорӣ, ҳадафу ният ва анвои мухталифи терроризми байналмилалӣ намоем, ин далелро дар назди мо собит ва возеҳу ошкор мекунад, ки дар паси ташкили ҳама гуна гурӯҳу созмонҳои ифротиву террористӣ манфиатҳои нопоки иқтисодӣ, молӣ ва фитнаву дасисаҳои абарқудратҳо меистанд. Коршиносон мегӯянд, ки ин неруҳои пасипарда ҳамасола маблағҳои ҳангуфтеро ба ҷойи истифода дар пешрафти илму фарҳанг, тарбияи наслҳо ва, дар кулл, рифоҳу саодати башар, баръакс барои чархонидани чархаи фаъолият ва иҷрои амалҳои нопоки ин гурӯҳу созмонҳо сарфу харҷ мекунанд.Дар асри пешрафти илм, дар замоне, ки башар бар ҳастии хеш арзиши баланд қоил гардида, фатҳи коинотро мақсад қарор додааст, ин гуна муносибат ва мавҷудияти терроризму эстремизм дар рӯйи ин сайёраи хокӣ нанги бузург аст. Агар ба таври хулоса гуем, раҳоӣ аз ин буҳронҳо тақвияти тарбияи худшиносӣ ва шинохти асили ҳувияти миллиро талаб мекунад. Расидан ба худшиносиву худогоҳии миллӣ бидуни рӯ овардан ба омӯзиш, парвариш, эҳёву гиромидошти таъриху фарҳангу тамаддуни оламгири миллат, суннату анъанаҳои гузаштагон ва ифтихороти давлатдорӣ имконпазир нест. Зеро суннат ва анъанаи нек интиқолдиҳандаи таҷрибаи иҷтимоӣ ва фарҳангии як насл ба насли дигар буда, таъминкунандаи устувории фарҳанг аст. Бинобар ин, моро лозим аст, ки ҳар қадами хешро дар такя бар аслу асолат ва ҳувияти миллӣ, арзишҳо ва суннату анъанаҳои муқаддаси миллат бардорем ва бо ин роҳ худ намунаи олии пайравӣ барои насли нав гардем.Эҳсони Маҷид
Сомонаҳои муфид
Previous
Next

















































































































































































































































































































































































































































































