То кунун қудратҳо борҳо миёни худ ҷаҳонро қисмат намудаанд. Чандин халқияту миллатҳоро пароканда ва давлатҳоро аз байн бурданд. Намегузоранд баъзе халқиятҳо соҳиби давлати мустақил гарданд ва ё баръакс як қатор давлатҳои мустақилро ба қисматҳо ҷудо намудаанд. Аз ин бармеояд, ки ҳатто абарқудратон имконияти ҳукумат кардан болои як миллати муттаҳидро надоранд ва танҳо дар сурати пароканда нигоҳ доштани миллатҳо онҳо метавонанд фармонфармоӣ кунанд. Агар ба таърихи начандон дури миллати хеш назар намоем, маълум мегардад, ки барои таҳти идораи худ нигоҳ доштани мо моро қалам – қалам намудаанд. То фатҳи ин қуллаҳои баланд миллати тоҷик роҳҳои душворгузари таърихиеро тай намудааст, ки дар чунин фосилаи кӯтоҳ ҳеҷ миллате қадам назадааст. Бо як хати сунъи тоҷикро ду қисмат карданд. Ҷараёни “узбекикунонӣ” миллионҳо нафар тоҷикро ҳамчун “ӯзбек” муаррифӣ намуд, ки дар натиҷа қисмате аз ҳудуди таърихиашро аз даст дод. Бар замми ин ҳама ҷафо қариб буд, номи “тоҷик” – ро пурра аз байн баранд, вале талошу ҷоннисориҳои фарзандони фарзонаи миллат боис гардид дар ибтидо ҳамчун як вилояти мухтор дар ҳайати Ӯзбекистон ташкил шавад. Вале бо ин муборизаҳо қатъ наёфт. Билохира ба онҳо муяссар гардид, ки ҳамчун як давлати мустақил дар ҳайати ИҶШС шинохта шавад. Гарчанде муддати 70 сол зери таъсири фарҳанги бегона қарор доштем, чизе аз тоҷикияти мо кам нагардид. Солҳои 90 – ум дигаргуниҳо дар фазои сиёсӣ бисёре аз халқияту миллатҳоро соҳиби давлат намуд ва ё баръакс боиси аз байн рафтани давлатҳо гардид. ИҶШС барҳам хӯрд, вале ба ҷои он давлатҳои миллӣ ба вуҷуд омаданд, ки яке аз онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳанӯз қомат наафрохта буд, ки аз пушт ханҷар заданд. Боз болои миллати тоҷик ҷанги бародаркушро таҳмил карданд, ки далели он буд, ки барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳанӯз охири кор набудааст. Хуллас, ҷанги шаҳрвандӣ оғоз гардид. Хостанд боз миллати моро қисмат кунанд, вале ин бор нақшаҳояшон барабас рафт. Чун хуршеди тобон аз паси абрҳои сиёҳ намудор гардиду торикию зулмотро аз болои миллат дур кард. Ба ҷанги хонумонсӯз хотима бахшид, гурезагонро баргардонд ва самти тараққиёти кишварро пеш гирифт. Пас аз давлатдории Сомониён бори дигар миллати тоҷикро – тоҷик роҳбарӣ кард. Дигар дар саҳифаҳои таърихӣ таърихи тоҷикон на “тоҷикон дар аҳди …”, балки “Давлатдории миллии тоҷикон” сабт мегардад. Вале барои ин на танҳо роҳбарияти кишвар, мо низ барои пойдории миллату давлати хеш мубориза барем, то дигарбора фирефтаи бозиҳои сиёсии қудратҳо нагардем. Зеро, ҳанӯз абарқудратон нақшаҳои нотамом доранд ва мехоҳанд онро дубора пиёда намоянд. Паноҳгоҳ додан барои ба ном мухолифини тоҷик ва таваҷҷӯҳи беш аз ҳадди давлатҳои Ғарбӣ ва созмонҳояшон ба вазъияти дохилаи Тоҷикистон қадамҳоест ҷиҳати пиёда намудани ҳадафҳо. Пуштибонӣ аз ба ном мухолифин барои бори дигар роҳандозӣ намудани ҷанги дохилист. Чунин ҳолат беҳтарин шароит барои ворид шудани қувваҳо мегардад. Бинобар ин, ба маълумоти шумо расонидан мехоҳам, ки онҳое, ки аз паси экранҳои компютер гарчанде бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд аз тоҷикият дар вуҷудашон дигар чизе боқӣ намондааст. Агар заррае дар рагҳояшон хуни тоҷикӣ боқист, ҳеҷ гоҳ миллати худро барои рехтани хуни якдигар даъват намекарданд. Ҳеҷ гоҳ барои танназзули сохти давлатдории миллӣ ин ҳама заҳмат намекашиданд. Агар фаъолияти онҳо ба манфиати миллат мебуд, бояд аз кулли мардум дархост мекарданд, ки дар чунин шароити ҳассос бояд аз гиребон сар баровард ва дар муқобили ҳар таҳдиду хатаре канори ҳам саф кашед. Вале коре, ки онҳо мекунанд, танҳо миллатро пароканда мекунаду халос. Пас, набояд барои қувваҳои беруна шароит фароҳам овард. Баръакс, бояд мисли панҷаи як ангушт муттаҳид бошем, то дигарбора болои мо зулм нагардад.

Бедилзода Њ,
коршиноси масоили сиёсӣ