Тавре мебинем, наҳзатиён аз асп фаромада бошанд ҳам, лек, аз узангу пой гирифтан намехоҳанд. Онҳо бо амалҳои нопоку нанговар ва зиддидавлатии худ шуруъ аз ибтидои солҳои навадуми асри гузашта на як бору ду бор шармандаву беобрӯй шудаву сиррашон фош гардида. Хизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар мамлакати мо чун ташкилоти террористӣ эълон шудаву саркардагон ва думравони он ба хориҷи кишвар рӯ ба гурез овардаанд. Илова бар ин Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 2016 ба рӯйихати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд.Имрӯз наҳзатиён мехоҳанд аз ҳисоби ҷавонон бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ, сафи худро афзоиш дода, онҳоро зидди давлату ҳукумати Тоҷикистон бархезонанд. Бо ин мақсад онҳо нахуст ашхоси ба домашон афтодаро дар хориҷа соҳиби ҳолати (статуси) гурезандагӣ намуда, шиносномаҳояшонро мегиранду дар ҳар гуна лагеру макони дигар ҷойгир мекунанд. Бо ин роҳ «сайд»-ҳоро тобеъ ва нигарони худ мекунанд. Баъд маҷбур месозанд, ки ба хизби наҳзат шомил гарданду ҳар гуфтаву супоришро иҷро намоянд. Ба Ҷомӣ ва Хусан, ки дар боло аз хусуси онҳо сухан рафт, низ чунин ҳолат рух дод ва эшон хатогии хешро зуд фаҳмиданд.Ҳамаи ин ва дигар амалҳои наҳзатиён мо, аҳли ҷомеаро водор месозад, ки дар шароити кунунӣ ҳар лаҳза боҳушу зирак ва дар ҳимояи Ватани азизамон, падидаҳои Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Хеле гиромӣ доштану аз ҳар ҳаводиси нохушу носипосонаи ногаҳонӣ эҳтиёт кардани Тоҷикистони ободу озоди худ имрӯз вазифаи ҷонии ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.Ниёгони мо гуфтаанд: «Зи душман наёяд ба ҷуз душманӣ». Бинобар ин, нисбати инсонҳое, ки ба обу хоку ҳавои меҳан, осоишу оромӣ ва рушди беамсоли он носипосӣ мекунанд, оштинопазир будану алайҳи бадкориҳои эшон зарба задан рисолати ҳар фард маҳсуб мешавад. Зеро онҳо ба ҷомеаи мо хатар доранд.Ифротгарои ва иғвоангези дар тамоми давру замон хамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, чомеаро ба оқибатхои нохуш гирифтор месозад. Дар сиёсатшиносии муосир ин падидаро бештар ба терроризму экстремизм нисбат медиханд. Дар хақиқат терроризм падидаи номатлуби замони муосир буда,фахмиши он дар содир кардани чиноятхои вазнин,аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотхои маишиву фароғатӣ, рабудани воситахои гуногуни нақлиётӣ ба сифати гарав ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ,ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад.Бо ибораи дигар оқибати экстремизм терроризм аст.Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда,оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.Шомилшавии иддае аз чавонони мамлакат ба сафи хизбу гурӯҳҳои террористиву экстремистии дунё, аз чумла, гурӯҳи чиноятпешаи террористии бо ном «Давлати исломӣ», «Хизбутаҳрир»,ҷарёни салафия ва дигар хизбу ҳаракатҳо барои миллати тоҷик нанговар буда, моро водор месозад, ки садди роҳи он шавем.Нагузорем то фарзанди модари шафиқу меҳрубони точик фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад.Экстремизму чи терроризм ва иғвортгариву иғвоангезӣ бар зарари осудагиву ороми ва сулх суботи чомеаи чахонӣ буда, мубориза бо он имрӯз аз мавзӯъхои авалиндарачаи амнияти кишвархо гаштаст.Тоҷикистон низ аз ин падидахои номатлуб сахт махкум намуда, баҳри ҳифзи марзу буми аҷдоди, таъмини сулҳу оромии ҷомеа, расидан ба ормонҳои мардум ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимои тамоми чораҳои заруриро меандешад.Султон Сулаймонӣ