Боиси таассуф аст, ки имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми қитъаҳои олам дар зери ниқоби арзишҳои динӣ паҳн шуда, ба амнияти кишварҳои гуногун хатари бузург эҷод мекунад. Аз ҷумла ТТЭ ҲНИ ва ТЭ Гурӯҳи 24 айни ҳол фаъолияти тахрибӣ бурда, ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонанд. Садҳо ҷавоноро гумроҳ ва ба сафи терроризм ҷалб карданӣ мешаванд. Аз ин рӯ, бояд тамоми ҷомеа дар муқобили ин бадхоҳони ҷиноятпеша муборизаи беамон баранд.Намояндагони ин гурӯҳҳои даҳшатафкан дар навбати аввал насли наврасу ҷавонро ба доми худ мекашанд, ки таҷрибаи кофии рӯзгор надоранд ва сатҳи дониши дунявӣ ва диниашон паст аст. Қобили қайд аст, ки дар мубориза ба муқобили ифротгароён ва дигар равандҳои номатлуби ҷаҳони муосир муассисаҳои таълимӣ нақши калидиро мебозанд. Дар ин робита омӯзгорон бояд маърифат ва фарҳанги сиёсиву ҳуқуқии наврасону ҷавононро доимо баланд бардошта, робитаи худро бо волидони хонандагон пурзӯр намоянд, зеро агар оила дар рафъи ин мушкилот таъсиргузор набошад, фаъолияти таълимгоҳу оила чандон самарабахш намегардад.Аз тарафи дигар, омӯзгоре, ки бо неру ва иқтидори зеҳнӣ ва тафаккури пешрафта мусаллаҳ аст, метавонад дар муассиса хонандаро ба сӯйи хирадмандӣ ва донишандӯзӣ ҳидоят созад. Агар омӯзгор фаҳмиши баланди илмӣ дошта бошад, тарзу тариқи фаҳму дарки олам, ҳаводису воқеот ва бурду бохти ҷаҳонро бо диди тоза ва орӣ аз таассубу хурофот ба хонандагон мерасонад. Терроризм ва экстремизм аз хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир буда, ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид мекунанд.Мо бояд тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ пурзӯр намоем, то ки хонандагон бо рафтор ва дониши худ хатари терроризмро ба хубӣ дарк намоянд.Мардуми тоҷики бофарҳанги мо, ки имрӯз тарбияти давлати демократию дунявиро гирифт, дигар ҳеҷ гоҳ худро қурбони нодонию ҷаҳолат нахоҳад кард.Эҳсони Маҷид