Дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз бо иштироки Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия муҳтарам Рустам Назарзода муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси ноҳияи Шуғнон муҳтарам Шоисматуллозода Комил бинои нави замонавии бунгоҳи тиббӣ воқеъ дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Нахуст мешмонон пз намоиши маҳсулоти ҳунарманди ва кишоварзии Ҷамоати деҳоти Ғ. Шаҳбозов дидан намуда ба дастранҷи ҳунармандон ва кишоварзон баҳои баланд доданд.Муассисаи навбунёд, аз 2 утоқи корӣ ва анбор иборат буда, аз тарафи мақомоти иҷроҳияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон дар ҳамкори бо шарикони рушд сохта шуда барои 80 хоҷагии деҳа хизматрасони хоҳад кард.Сокинони деҳа аз ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат бархурдор гардида изҳори миннатдории хешро расонданд.

Терроризму ифротгароӣ – хатар ба инсоният

Терроризму ифротгароӣ – хатар ба инсониятИмруз ҷомеаи ҷаҳониро мушкилоти терроризм ва экстремизм таҳдид менамоянд. Мутаассифона, бо вуҷуди муборизаи саросарӣ, қотеъият ва анҷоми тамоми чораҳои пешгирӣ

Читать полностью »